ҲУНАРМАНДОНИ ИСТАРАВШАН

Хатсайри мазкур гуногунсамт буда, бо мақсади иттилоотнок гардонидани шаҳрвандон ва ё сайёҳон оид ба таърих ва фарҳанги аҷдодӣ, маданияти косибӣ ва ҳунармандии халқу миллати тоҷик ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, ин Хатсайр имконият ва фурсати муносибест ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо намудан аз ҳунармандӣ ва иқтидори мардуми Истаравшан, зимнан, оғози ҳамкорӣ (барои шахс ё соҳибкор) дар риштаи саноати хонагӣ – кандакорӣ, чармгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, кулолгарӣ ва ғайра. Яъне, Хатсайри мазкур ҳам сайру саёҳат ва ҳам омӯзишу ҳамкории тиҷоратӣ аст.

Номгӯи Хатсайр Ҳунармандони Истаравшан
Р/т () Хатсайр ва давомнокии он Ист-I (якрӯза); Ист-II (якрӯза); Ист-III (дурӯза).
Намуд ва вақти саёҳат ГУРӮҲӢ (на кам аз 15 наф.), РӮЗОНА
Мақсади саёҳат ИТТИЛООТНОКСОЗӢ, ҶАҲОННАМОӢ, РОҲАТАФЗОӢ, ШАВҚАНГЕЗӢ
Шакли саёҳат ПИЁДАГАРДӢ, САЙРИ НАҚЛИЁТӢ
Масофаи Хатсайр (дар ҳудуди ш.Истаравшан) 13 КМ.
Баландӣ аз сатҳи баҳр 1000 м.
Иштирокчиёни саёҳат ШАХСОНИ АЗ 10 СОЛА БОЛО, ба ғайр аз шахсони имконияташон маҳдуд
Нақлиёт  ТАЪМИН МЕГАРДАД
Хӯрок ТАЪМИН МЕГАРДАД
Шабист (меҳмонхона) ТАЪМИН МЕГАРДАД, тибқи Ист-III
Минтақаи (мавзеи) саёҳат: Шаҳри Истаравшан — ҚАЛЪАИ МУҒ, РАСТАИ ҲУНАРМАНДОН, КОК-ГУМБАЗ (РУСТАМБЕК), КОЛЛЕҶИ «ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ», ҲАЗРАТИ ШОҲ, ОБАНБОРИ ЗАРРИНРУД (ёдгорӣ аз шӯравӣ (муҷассамаи В.И.Ленин)
Арзиши (нархи) Хатсайр барои як нафар тибқи бастаи / барномаи:
Þ    Якрӯза (Ист-I) / аз ш.Душанбе: — 250 сомонӣ;
Þ    Якрӯза (Ист-II) / аз ш.Хуҷанд: — 60 сомонӣ;
Þ    Дурӯза (Ист-III) / аз ш.Душанбе: — 390 сомонӣ, бо назардошти шабист;

1) Қалъаи Муғ

– қалъаи мазкур нишонаест аз таърих ва гузаштагони миллати тоҷик, ки асрҳои 2 – 7 пеш аз мэлод дар шакли шаҳраке арзи вуҷуд дошта, иқоматкунандагон он ашрофиёни ҳамон давр будаанд.

2)  Гумбази Кабуд

– дар асри XVI ба сифати мадраса, бо ташаббуси Султон Абдулатиф, абераи Амир Темур сохта шудааст. Аз рӯи ҳикояҳо Абдулатиф бо падараш Улуғбек муноқиша ва қасрро тарк карда дар назди деҳқоне мардикорӣ менамояд ва ба маблағи 100 танга барои деҳқон ҷубор мекобад. Падараш аз ин воқеа хабардор гардида, аз Абдулатиф маблағи кор кардаашро талаб мекунад, сипас, ба он чанд маблағи дигар илова карда ба Абдулатиф дастур медиҳад, ки ба кори хайре сарф кунад. Ҳамин тавр мадраса сохта мешавад.

3)  Ҳазрати шоҳ

– Ҳазрати Шоҳ дар се иншооти динии фарҳангӣ, аз қабили мақбараи Ҳазрати Шоҳ, масҷиди Ҳазрати Шоҳ ва мақбараи Худоёри Валӣ инъикоси худро ёфтааст. Ҳар се иншоот дар як майдон қарор доранд, аммо ҳар кадом таърихи хоси худро соҳиб мебшанд. Аз рӯи яке аз манбаъҳо мақбара дар асри XVIII, дар рӯи қабри Ҳазрати Шоҳ, ки бародари Қусома ибн Абос (писарамаки пайғамбари Ислом Муҳаммад (с)) сохта шудааст. Қусома ибн Абос бошад, дар асри IX дар ш.Самарқанд (мақбараи Шоҳи Зинда) ба хок супурда шудааст.

4)  Ёдгории Шӯравӣмуҷассамаи В.И.Ленин

– муҷассамаи В. И. Ленин – доҳии пролетарҳои ҷаҳон ҳамчун ёдгорӣ аз даврони ҳукмронии собиқ давлати абарқудрати Шуравӣ дар шаффати сарбанди шаҳри Истаравшан сохта шудааст, ки ба он, аз поён, зинапоя иборат аз 365 зина, инъикоскунандаи давмнокии сол сохтмон гардидааст.

5)  Растаи ҳунармандон

– шаҳри Истаравшан дар воқеъ бо мардуми ҳунарманди худ ҳамчуни шаҳри ҳунармандон маъруф гардидааст. Дар ин шаҳр ҳар кӯча бо навъи ҳунаре шинохта мешавад: растаи чармгарон; растаи оҳангарон; растаи заргарон ва ғайра. Ҳамчунин, дар шаҳр Коллеҷи ҳунарҳои халқӣ амал мекунад, ки инъиксогари воқеият аст.

6)  Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ

— Коллеҷи мазкур дар кишвар яке аз муассисаҳои маъруфи махсусгардонидашуда дар самти ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки ҳамасол садҳо мутахассисон омода ва ба бозори косибии минтақа таъмин менмояд.

ФАРМОИШИ САЁҲАТ

%d такие блоггеры, как: