АСОСӢ

ХИЗМАТРАСОНИИ МО — ИН АСТ:


Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд-Тур» соли 2017 созмон ёфта, Мақоми иҷорияи (ниҳоди марказии) он дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

Фаъолияти асосии Ҷамъият, ин хизматрасонии сайёҳӣ ва тамоми намуд ва шаклҳои фаъолияти бо он вобаста / ҳамбаста мебошад. Ҷамъияти ба амалӣ намудани фаъолият дар самтҳои дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, машғул мегардад.

Ҳадафи асосии Ҷамъият, ин ташаккул додани заминаҳои устувори хизматрасонии сайёҳӣ дар бозори сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои хориҷӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат ба мавзеъҳои / ҷойҳои кашфношуда (ҳанӯз инсон қадамнагузошта) ва диданибоби дорои сарватҳои бойи табиӣ ва баландкӯҳҳои асотрии Тоҷикистон, тамаддун ва мероси пурғановати қадимаи таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Сиёсат ва стратегияи Ҷамъият ба муносибатҳои фасеҳ, кушода ва адолатбор, эҳтиром ва эътирофи манфиатҳо асос ёфта, фаъолияти идории он бо усулҳои бисёрсоҳавӣ ва байнисохторӣ бо назардошти соҳиб будани Ҷамъият ба иқтидори устувори иқтисодӣ, пурмаҳсул, самаранок ва техникию амалии дастрас ба роҳ монда мешавад.

 

Реклама

Создайте бесплатный сайт или блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑